09/07/2010
Хадамоти мухочирати Вазорати корхои дохилаи Чумхурии Точикистон (ХМВКД ЧТ) вебсайти расмии худро (www.migratsiya.tj) дар чорчубаи лоихаи IATP «Идоракунии мухочирати мехнати» санаи 21-уми август эълон намуд. Хангоми якум мархалаи хамкори аз 16-ум то 27-уми июл хашт корманди ХМВКД дарсхои оид ба асосхои компютер ва Интернет дар маркази IATP Душанбе ба анчом расонда, малакаи аввали технологияи итилоотро, аз он чумла бо тарзи электрони тахт кардани хуччатхо ва хисобарории чадвали, ковтуков дар Интернет, истифодаи e-mail, барои пешрафти корашон аз худ карданд. Дар давоми мохи август иштироккунандагон ба кормандони IATP дар тахсис додани вебсайти ташкилоташон, чамъ ва чоп кардани маълумоти зарури, бехтар намудани сохт ва мундаричаи он ёри расонданд. Вебсайти нав зиёда аз 11 кисм иборат мебошад аз он чумла хабархо, конунхои мазкур, шартномахои байналдавлити, процедурахои конуни барои ба хорича сафар ва кор карданро дар бар мегирад.
Камол Акрамов, мудири ширкати кортаъминкунии “Точикавиатур”, (www.mkstajikaviatour.freenet.tj/) дар форуми интернетии IATP (www.forum.iatp.net) оид ба мавзуи мухочирати мехнати, ки аз санаи 21-ум то 30-уми август баргузор гардид, иштирок намуда, ба саволхои зиёда аз 90 нафар одамон аз минтакахои гуногуни кишвар посуххои каноатманд дод.
|